Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввуми интихобот 14 июн баргузор мешавад


Аҳмад Юсуф Нуристонӣ, раиси Кумиссиюни мустақили интинхоботии Афғонистон
Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон эълон кард, ки ҳеҷ яке аз номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар барои пирӯзӣ дар интихобот бештар аз 50 дарсади орои интихобкунадагонро ба даст наовардааст, то ба курсии раёсат биншинад. Бинобар ин интихобот ба даври дуввум хоҳад рафт.

Дар даври дуввум номзадҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ-вазири пешини корҳои хориҷа ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай-вазири пешини молии Афғонистон ширкат хоҳанд кард. Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон эълон кард, ки даври дуввуми интихобот 14 июн баргузор хоҳад шуд.

Ҳамзамон натиҷаҳои ниҳоии даври аввали интихобот низ эълон шудааст ва тибқи он Абдуллоҳ Абдуллоҳ 45 дарсад ва Ашрафғанӣ Аҳвмадзай 31,6 дарсад сроҳиби рай шудаанд. Даври аввали интихобот 5 апрел баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG