Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони Яккачинор куҷо бозӣ кунанд? (ВИДЕО)


Сокинони маҳаллаи Яккачинори пойтахт талаб доранд, ки ягона майдончаи бозии кӯдакони ин маҳалла барои сохтмони бинои баландошёна дода нашавад.

Якгурӯҳ сокинони биноҳои 142, 146 ва 148-и маҳаллаи Яккачинори пойтахт мегӯянд, дар ҷойи ягона майдончаи кӯдакон шахсе мехоҳад бинои баландошёна созад. Аммо сокинони ин маҳҳал талаб доранд, ки барои сохтмони ин бино мақомот иҷозат надиҳад. Миёни биноҳои чорошёнаи ин маҳалла шахсе мехоҳад бинои 9 ошёна ва он ҳам дар ҷойи майдончаи назди биноҳо созад. Дар сурати вайрон кардани ин майдонча сокинон мегӯянд, ҳудуди 200 кӯдаки ин маҳалла бе майдонча мемонанд ва ҳам роҳи гузаргоҳи онҳо ба дигар самти маҳалла, хусусан мактаб баста мешавад.

Сокинон мегӯяд, ки рӯзи 14-уми май аз ҳукумати шаҳр намоянда омада ба сокинон гуфтааст, ки "дигар илоҷ нест, бояд ин бино сохта шавад". Дар ҳоле ки сокинон мегӯяд, қаблан барои вайрон накардани ин майдонча ба мақомоти шаҳри Душанбе ариза навишта будаанд, аммо гӯё мақомот ба сохтмони ин бино иҷозат дода бошад.

«Кӯдакони мо куҷо раванд? Барои ҳавои тоза гирифтан ҳама дар ҳаминҷо ҷамъ мешавад. Кӯдакон аз ҳамин роҳ гузашта ба мактаб, ба литсейи президентӣ мераванд. Бегоҳ кӯдакон дар ҳаминҷо бозӣ мекунанд. Агар ин ҷойро гиранд, дигар кӯдакони мо дар куҷо бозӣ мекунанд. Ҳавои атроф торафт ифлос мешавад ва ҷойи нафаскашӣ танг мешавад.», мегӯянд сокинони ин маҳалла.

Аммо ин аввалин бор набудааст, ки сокинони маҳаллаи мазкур ба қавли худашон "фиреб мехӯранд". Ба гуфтаи ин сокинон, дар ҷои партовгоҳи ин маҳалла ҳам бино сохта ваъда додаанд, ки дар ҷои дигар барои онҳо ҷои партовгоҳ месозанд. Аммо то ба ҳол партови худро дар дигар маҳаллаҳо бурда мепартоянд.

«Шахсе бо номи Машрабов, гӯё аз ҳамин маҳалла бошад як маротиба бино сохт, ҷои партовгоҳамонро гирифт ваъда дод, ки партовгоҳи нав месозад, аммо насохт ва ин ҳам ҳамон шахс аст, ки мехоҳад майдончаи варзишии маҳалларо гирад. Аммо ба мо қарори ҳукуматро нишон намедиҳанд, ки ба чашми худамон бинем оё ҳукумат ба ин сохтмон иҷозат додаст ё не».

Сокинони ин маҳалла даъво доранд, ки то ба ҳамаи мақомот шикоят мебаранд. Сокинони кӯҳансоли ин маҳалла мегӯянд ин майдонча аз соли 1966 сохта шудааст ва ҳоло аз ҳар хонае 4-5 кӯдак дар ин майдонча бозӣ мекунад.

Видеои тақозои гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Яккачинор аз мақомот дар Ютюб дар инҷост:
http://www.youtube.com/watch?v=v3yNn8IXxh0
Эътирози сокинони Яккачинор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
XS
SM
MD
LG