Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон аз маҳали фоҷеа боздид кард


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия аз маҳали фоҷеаи кони ангишт боздид кард. Дар ин ҳодиса 238 нафар кушта шудаанд ва садҳо нафари дигар дар дохили кон дар зери замин мондаанд ва бими он меравад, ки баъзе аз онҳо низ ҷон бохта бошанд. Реҷеп Тайип Эрдуғон боздиди худ аз Албанияро , ки барои 14 май барномарезӣ шуда буд, ба таъхир андохт.

Ин таркиш рӯзи сешанбе дар кони шаҳри Сома вилояти Манис рух дод. Ҳангоми таркиш нируи барқ қатъ шуд ва лифт аз кор монд. Аз субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба дохили кон бо лулаҳо оксиген мефиристанд, то аз набуди ҳаво ва дуд одамон зинда монанд.

Ҳазорон нафар хешовандони маъдангарон дар назди шифохона ҷамъ омадаанд ва мехоҳанд дар бораи вазъи бастагони худ маълумот гиранд.

Танер Йилдиз-вазири энержии Туркия мегӯяд, дар дақиқаҳои таркиш дар дохили кон 787 нафар коргарон қарор доштаанд.
XS
SM
MD
LG