Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рӯдакӣ ба ҲНИТ гуфтанд, ки ниёз ба кӯмаки онҳо надоранд


Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, ки мақомоти маҳаллӣ дар деҳоти офатзадаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайати имдодии ин ҳизб гуфтаанд, ки ба кӯмакҳои онҳо ниёз надоранд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ин ҳизб ба "Озодӣ" гуфт, ҳайати 60-нафараи ҳизб бо роҳбарии муовини раиси ҲНИТ, Маҳмадалй Ҳайит рӯзи 14 май ба ҷамоати Зайнабободи Рӯдакй рафта, ба зарардигони сел дар ин ҷамоат кӯмаки ҷисмонӣ карданд. Манбаъ мегӯяд, мақомоти ҳукумати ноҳия аз кӯмак ва дастгирии ҳизб то ин дам изҳори миннатдорӣ намуда, ба масьулини ҳайати ҳизб гуфтанд, ки дигар ба ҷойи селзада барои кӯмак наоянд, зеро, ба ақидаи мақомот маҳаллӣ, ҳукумати ноҳия қудрат ва нерӯи кӯмакро худашон дорад ва ҳоҷат ба кӯмаки ҳизб нест. Ба гуфтаи оқои Файраҳмонов, ба ин ҳайат масъулони ҳизб, дастёрон ва тарафдорону аъзои ҲНИТ аз Душанбе ва навоҳии атрофи он шомил буданд ва аҳолиро дар пок кардани хонаҳояшон аз паёмадҳои сел кӯмак карданд. Аз ин қабл низ ҳайатҳои мухталифи ҲНИТ ба селзадагони ноҳияи Рӯдакӣ ва Қумсангир кӯмакҳои молӣ расонида ва амалан дар бартараф сохтани харобиҳои сел кӯмак карда буданд.
XS
SM
MD
LG