Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вена музокироти ҳастаии Эрон оғоз шуд


Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ даври нави музокироти ҳастаиро дар Вена оғоз карданд. Қарор аст ин музокирот аз 14 то 16 май давом кунад ва дар ин муддат ҷонибҳо матни мувофиқатномаи доимӣ бо Теҳронро дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон таҳия кунанд. Ҷонибҳо умедворанд, ки ин мувофиқатнома то охири моҳи июл ба имзо расад.

Шаш қудрати ҷаҳонӣ, яъне Амрикову Русия, Чину Британия ва Олмону Фаронса аз Эрон мехоҳанд, ки дар ивази лағви таҳримҳои байналмиллалӣ фаъолиятҳои ҳастаии худро маҳдуд кунад.

Бар асоси тавофуқоти муваққатии Женева, ки шаш моҳро дар бар мегирифт ва 20 июл мӯҳлати он ба поён мерасад, Эрон баъзе фаъолиятҳои ҳастаии худро боздоштааст.

Баъд аз се моҳи баррасиҳо ҳайатҳои ин кишварҳо мегӯянд, ки то ҳол баъзе ихтилофи назарҳо боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG