Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон бо Иттиҳодияи Аврупо аҳдномаро имзо мекунад


Гурҷистон аҳдномаи сиёсӣ ва тиҷоратӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро 27 июн дар Бруссел имзо мекунад. Ҳерман Ван Ромпу-раиси Шӯрои Аврупо ин нуктаро 14 май дар Тифлис баъд аз мулоқот бо Иракли Гарибашвилӣ-нахуствазири Гурҷистон изҳор дошт.

Дар ин изҳорот Ван Ромпу имзои чунин санадро масъалаи муҳим арзёбӣ кард. Вай гуфт, бо интихоби ин роҳ Гурҷистон уҳдадориҳои худ ба арзишҳои қаввии демократӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи шаҳрвандон, волоияти қонунро нишон медиҳад.

Ин аҳднома дар асл моҳи ноябр дар Вилнюс дар мулоқоти раҳбарон роҷеъ ба Ҳамкориҳо дар Шарқ ба тавофуқ расида буд. Як рӯз пеш Ван Ромпу гуфт, ки Молдова низ ин аҳдномаро 27 июн имзо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG