Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 сол ҳукми модаре ки писарашро куштааст


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе модареро барои куштори писараш ба 8 сол равонаи зиндон кард. Зафар Нуралиев, додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, рӯзи сешанбеи 13 май зимни қироати ҳукм, гуфт, ки додгоҳ Марина Кузнетсова, сокини кӯчаи Шапкини шаҳри Душанберо тибқи моддаи 104, қисми 1 Қодекси ҷиноии Тоҷикистон дар содир кардани ҷинояти куштор муҷрим шинохта ва нисбати ӯ 8 соли ҳабс бо адои ҷазо дар зиндони низомаш умумӣ таъин кард. Ба иттилои додрас, рӯзи 2 марти соли ҷорӣ миёни Марина Кузнетсова ҳамроҳ ва писараш Арсен Кузнетсов дар рӯи ҳавлии манзили истиқоматиаш дар кӯчаи Шапкини шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ муноқиша бархоста, ки дар натиҷа модар аз хонаи хобаш корди ошхонаро гирифта ва ба дасту пой ва қафаси синаи писараш мезанад, ки дар натиҷа вай дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Марина Кузнетсова 1 майи соли 1951 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, миллаташ арман аст, ки маълумоти миёна дошта ва хонанишин будааст.
XS
SM
MD
LG