Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз хунрезӣ Украина мизбони музокирот аст


Ҳукумати Украина мизбонии гуфтугӯҳои мизи гирдро роҷеъ ба ислоҳот дар Қонуни Асосӣ ва ваҳдати миллӣ бар уҳда дорад. Ҳадафи ин мизи гирд коҳиши бӯҳрон дар шарқи кишвар аст. Дар ин гуфтугӯҳо намояндагони ҳукумату порламон ва раҳбарони минтақаҳо ширкат доранд. Вале намояндагони гурӯҳҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия ширкат намекунанд.

Гардонандагии ин мизи гирдро Волфганг Ичингер-дипломати собиқадори Олмон бар уҳда дорад. Франк Волтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон 14 май дар Киев ин музокиротро “танҳо оғози кор” номид.

Ин музокирот ё мизи гирд дар ҳоле анҷом мегирад, ки як рӯз пеш дар ҳамлаи ногаҳонии ҷудоихоҳон дар шарқи кишвар 7 сарбози нируҳои артиши Украина кушта шуданд. Дар Амрико аз ин музокироти мизи гирд ҷонибдорӣ карданд ва аз Русия низ хостанд, ки аз ин мизи гирд ҷонибдорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG