Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарор аст натиҷаҳои ниҳоии интихобот эълон шавад


Қарор аст, 4 май натиҷаҳои ниҳоии интихоботи ираёсати ҷумҳурии Афғонистон эълон шавад. Бо вуҷуди ин мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки имкон дорад эълони натиҷаҳо ба таъхир афтад. Ин интихобот 5 апрел баргузор шуда буд ва то ҳол натиҷаҳои муқаддамотӣ эълон шудаанд.

Ба ҳар ҳол мумкин аст интихбот ба даври дуввум биравад, зеро ҳеҷ як аз номзадҳо дар даври аввал беш аз 50 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст нахоҳад овард.

Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотие, ки то ҳол эълон шудааст, дар сафи пешини муборизаи раёсати ҷумҳурӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор дорад. Абдулло дар интихоботи соли 2009 рақиби аслии Ҳомид Карзай буд. Ҳоло рақиби Абдулло Ашрафғанӣ Аҳмадзай-вазири пешини молӣ ва корманди пешини Бонки Ҷаҳонӣ мебошад.

13 май Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфт, ки натиҷаҳои расидагӣ ба шикоятҳоро то ҳол нагирифтааст, ба ин сабаб мумкин аст эълони натиҷаҳои ниҳоӣ ба таъхир афтад.
XS
SM
MD
LG