Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон воксинзанӣ ҳангоми сафар ба хориҷ ҳатмист


Покистон тақозо кардааст, ки ҳамаи мусофироне, ки кишварро тарк мекунанд, аз ҷумла занони ҳомила, то 1 май аз бемории полио ё фалаҷи атфол воксин ё эм бигиранд. 13 май вазорати беҳдошти Покистон гуфт, ки дар ин маврид шаҳрвандон бояд машварати Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро дар назар бигиранд ва ононе, ки сафар мекунанд, бидуни дарназардошти синну соли худ бояд то моҳи оянда воксин шаванд.

Ҳафтаи гузашта вазорати беҳдошт гуфт, ки барои анҷоми ин кор дар ҳамаи фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои марзӣ ва дар бандарҳои обӣ барои воксинзанӣ гурӯҳҳои вижа ба фаъолият шуруъ мекунанд.

Дар аввали моҳи ҷорӣ Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки бемории фалаҷи атфол метавонад бештар доман паҳн кунад ва самараи фаъолияти 30 соларо барои решакан кардани ин беморӣ аз байн бибарад.

Ҳоло ошкор шудааст, ки дар Покистону Сурия ва Камерун вируси бемории полио вуҷуд дорад ва ин кишварҳо метавонанд ин вирусро берун аз марзҳои худ ба кишварҳои дигар бибаранд.
XS
SM
MD
LG