Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши фоҷеабор дар кони ангишти Туркия


Падар бо писари наҷотёфтааш
Падар бо писари наҷотёфтааш
Ҳукумати Туркия мегӯяд, таркиш ва оташ гирифтани як кони ангишт дар ғарби Туркия боиси куштори 201 нафар шудааст. Ҳанӯз афроди зиёд дар зери замин дар дохили кон мондаанд ва роҳҳои хуруҷ баста шудааст.

Ин таркиш рӯзи сешанбе дар кони шаҳри Сома вилояти Манис рух дод. Ҳангоми таокиш нируи барқ қатъ шуд ва лифт аз кор монд. Аз субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба дохили кон бо лулаҳо оксиген мефиристанд, то аз набуди ҳаво ва дуд одамон зинда монанд. Ҳазорон нафар хешовандони маъдангарон дар назди шифохона ҷамъ омадаанд ва мехоҳанд дар бораи вазъи бастагони худ маълумот гиранд.

Танер Йилдиз-вазири энержии Туркия мегӯяд, дар дақиқаҳои таркиш дар дохили кон 787 нафар коргарон қарор доштаанд. Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия боздиди худ аз Албанияро , ки барои 14 май барномарезӣ шуда буд, ба таъхир андохтааст. Қарор аст вай аз маҳали ҳодиса боздид кунад.
XS
SM
MD
LG