Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд


Дурнамои равобити Душанбе ва Тошканд дар мулоқот ва гуфтугӯи Музаффар Ҳусейнов, сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо раҳбарияти вазорати умури хориҷии Узбакистон ба баррасӣ гирифта шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Узбакистон, дар ин мулоқот, ки рӯзи 13 май доир шуд, ҳамкориҳои амалии ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз дар Душанбе як ҳамоиш зери унвони «Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини аминяти минтақа: мушкилот ва дурнамо" ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он намояндагони Узбакистон низ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG