Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шарқи Украина 6 сарбоз кушта шуданд


Вазорати дифои Украина мегӯяд, ки 6 сарбози онҳо дар ҳамла аз камин тавассути шӯришиёни ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия кушта шудаанд. Вазорат гуфтааст, як корвони мошинҳои зиреҳдор ҳангоми ҳаракат дар наздикии шаҳри Краматорск 13 май аз сӯи 30 нафар шӯришиён мавриди ҳамла қарор гирифт. 8 сарбози дигар дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд. Краматорск ба вилояти Донетск дохил мешавад. Ин вилоят яке аз минтақаҳои ҷудоихоҳи шарқи Украина ва ҷонибдори Русия аст. Донетск ва Луҳанск ду минтақаи ҳамчоя 12 май истиқлоли худро аз Украина эълон карданд.
XS
SM
MD
LG