Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Олмон ба музокироти Украина хушбин аст


Штайнмайер бо Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина
Штайнмайер бо Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина
Франк Волтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон изҳори умедворӣ кардааст, ки музокироти мизи мудаввар миёни сиёсатмадорон ва гурӯҳҳои шаҳрвандӣ дар халъи силоҳи гурӯҳҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия кӯмак хоҳад кард ва вазъ барои баргузории интихоботи раёсати умҳурии 25 май дар Украина мусоидтар хоҳад шуд. Штайнмайер ин суханонро баъд аз музокира бо Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина дар Киев изҳор дошт. Вай даъват кард, ки ҳамаи асирон дар шарқи Украина раҳо ва биноҳои ба тасарруф даромадаи давлатӣ холӣ карда шаванд. Вай изҳор дошт, ки вазъ дар шарқи Украина хатарнок ва таҳдикунанда боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG