Мақомоти расмии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон мегӯянд, ба ақидаи онҳо 19 нафар сокинони ин вилоят дар Сурия бо гурӯҳҳои тундрав меҷанганд. Мақомоти Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Қирғизистон гуфтаанд, ки кормандони хадамоти махфии Туркия барои бозгардонидани шаҳрвандони Қирғизистон аз Сурия ба Ҷалолобод ба онҳо кӯмак кардаанд. 5 нафари дигар аз сокинони вилояти Ҷалолобод қабл аз сафар ба Сурия ҳамин моҳ боздошт шудаанд. Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии ин вилоят мегӯяд, гурӯҳҳои тундгарои исломӣ 70 нафарро барои сафарбар кардан ба ҷангҳои Сурия бар зидди режими ин кишвар ҷалб кардаанд. Бино ба маълумоти мавҷуда, аз ин гурӯҳ чанд нафар ба Қирғизистон баргаштаанд.