Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 корманди пулис барои тамаъҷӯӣ боздошт шуданд


4 афсари пулиси Қирғизистон дар Бишкек барои тамаъчӯӣ ва иттиҳомоти сохта бар зидди шаҳрвандони хориҷӣ барои таҷовуз ба номӯс боздошт шуданд. Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Қирғизистон 13 май гуфт, афсарони пулис як зани 20 соларо барои ин ҳадафҳои худ истифода бурдаанд, то аз хориҷиён пул бигиранд. Бозрасон мегӯянд, ин зан дар тарабхонаҳо бо хориҷиён мулоқот таин мекардааст ва сипас онҳоро муттаҳам менамудааст, ки гӯё ба номӯсаш таҷовуз кардаанд. Ин кормандони пулис ҳангоми гирифтани 900 доллар ришва боздошт шудаанд. Онҳоро гӯё барои таҷовуз ба номӯс муттаҳам медонистанд.Баъд аз боздошти ин кормандони пулис иттиҳомот бар зидди хориҷиён бекор шуд. Маъмулан кормандони пулис барои тамаъҷӯӣ, суистифода аз мақом ва ришвахорӣ муттаҳам медонанд. Номи ин кормандони пулис эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG