Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи модар барои намози ҷумъаи писар


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои боздошт шудани Ортиқ Отаханов талабаи мактаби ҳамагонӣ дар вақти намози ҷумъа, волидони ӯро ҷарима кардааст. Тавре дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 13 май ба радиои "Озодӣ" иттилоъ доданд, дар ҳафтаи гузашта парвандаи маъмурӣ дар нисбати сокини шаҳри Душнбе Хосият Отахонова -- модари талабаи мактаби рақами 16 ноҳияи Шоҳмансур Ортиқ Отахонов, ки пас аз адои намози ҷумъа аз тарафи клормандони милиса дастгир шуда буд, анҷом ёфт. Ортиқ Отахонов дар синфи 9 яке аз мактабҳои ҳамагонӣ таҳсил мекунад ва вақте ба яке аз масҷидҳои пойтахт барои намоз меояд, пас аз анҷоми намоз аз сӯи пулис боздошт мешавад. Додгоҳи Фирдавсӣ модари ӯ Хосият Отахонова, сокини кӯчаи Матросови Душанберо бо моддаи 90 Кодекси маъмурӣ дар ҳаҷми як нишондиҳанда ё худ 40 сомонӣ ҷарима кардааст. Додгоҳи Фирдавсӣ мегӯяд, ки модар Хосият Отахонова дар баробари қонуни “Масъулият падару модар” бемасъулиятӣ нишон дода аз вазифаи парастори фарзанд будани худ канор рафтааст.
XS
SM
MD
LG