Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи 201 бо "Град" мусаллаҳ шуд


Низомиёни Русия дар Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)
Низомиёни Русия дар Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)
Пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон бо Град ё дастгоҳи мушакии РСЗО мусаллаҳ шудааст. Дар ин бора сарҳанги 2 Юрий Погребной-муовини сухангӯи ҳавзаи марказии низомии Русия ба матбуоти кишвараш хабар дод. Ба гуфтаи Погребной, ҳар як аз ин дастгоҳҳо 40 мили мушакпаррон дорад ва қутри мили он 122 милиметрро ташкил медиҳад. Намояндаи дафтари матбуотӣ гуфтааст, ин дастгоҳҳои мушакпаррон дар рӯи мошинҳои навъи Урал насб шудаанд ва ин мошин ҳангоми паррондани мушак муқовимати қавӣ дорад ва дар шароити биёбону кӯҳсор ва дар ҳавои гарму сард метавонад ҳаракаташро идома диҳад.
Пойгоҳи 201-и низомии Русия бузургтарин пойгоҳи ин кишвар дар хориҷ аз Русия аст ва воҳидҳои низомии он дар Душанбеву Қурғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгиранд. Бар асоси мувофиқатномае, ки Русия бо Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2012 имзо кард, ин пойгоҳ дастикам то соли 2042 дар Тоҷикистон хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG