Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи хунини Андиҷон фаромӯш нашудааст


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch (HRW) ва Иттиҳодияи Аврупо ба Узбакистон ҳамчунон фишор меоранд, то барои расидагии мустақил ба кушторҳои 9 соли пеш дар Андиҷон иҷоза диҳад. Дар ин бора Human Rights Watch 13 май, яъне дар рӯзи солгарди ин кушторҳо эъломияе ба нашр расонд. Дар ин эъломия омадааст, ки бо вуҷуди гузашти 9 сол аз ин ҳодисаи хунин ҳамоно ҳукумати Узбакистон дархостҳоро барои анҷоми расидагии мустақил рад мекунад. Стив Свердлов-намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт:Сояи тӯлонии Андиҷон ва саркӯбии эътирозгарон аз тарафи ҳукумат то ҳол бар сари мардуми Узбакистон сарозер аст 13 маи соли 2005 тазоҳуроти сулҳомези мардум барои раҳоии як соҳибкор аз зиндон дағалона саркӯб ва сабаби нооромиҳо шуд. Артиш ба сӯи эътирозгарони бесилоҳ оташ кушод. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки дар ин ҳодиса 187 нафар кушта шудаанд,вале гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ин рақамро чанд баробар бештар нишон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG