Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири пешин барои ришвахорӣ маҳкум ба зиндон шуд


Israel -- Ehud Olmert, the former Prime Minister of Israel, walks out from Magistrate's Court in Jerusalem, 25Sep2009
Israel -- Ehud Olmert, the former Prime Minister of Israel, walks out from Magistrate's Court in Jerusalem, 25Sep2009
Эҳуд Олмерт-нахуствазири пешини Исроил барои ришвахорӣ 6 сол маҳкум ба зиндон шуд. Олмерт як ҷо бо чанд каси дигар барои ришвахорӣ муттаҳам шуда буданд ва 13 май додгоҳи Тел Авив ҳукми худро содир кард.

Ин иттиҳом ба давраи пеш аз нахуствазирии Олмерт тааллуқ дорад ва ба моҷарои вай бо моликияти ғайриманқул иртибот мегирад. Вай соли 2006 нахуствазир интихоб шуда буд ва ҳоло 68 сол дорад.

Дар ришвахорӣ мақомоти Байтулмуқаддас даст доштааанд, ки барои ҳимоят аз сохтмонҳо пул гирифтаанд. Олмерт дар солҳои 1993-2003 шаҳрдори Байтулмуқаддас ва дар солҳои 2006-2009 нахуствазири Исроил буд, ки ба иддаои ришвахорӣ маҷбур шуд аз мақом истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG