Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ташдид меёбад


Иттиҳодияи Аврупо барои бӯҳрони Украина таҳримҳои худро шадидтар кард, зеро ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар Донетск ва Луҳанск истиқлоли худро аз Украина эълон карданд ва аз Маскав хостанд, ки ба федератсияи Русия бипайванданд.

12 май дархости ҷудоихоҳон ба Маскавро дар як нишасти хабарӣ Денис Пушилин-раҳбари ҷудоихоҳони ҷумҳурии худхондаи “мардумии Донетск” қироат кард.
Эъломияи онҳо дар ҳоле пахш шуд, ки як рӯз пеш аз он 11 май дар Донетск ва Луҳанск дар бораи низоми идории мухтор райпурсӣ анҷом гирифт.

Мақомоти ҷудоихоҳ, ки баъзе аз онҳо дар феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ҷой дода шудаанд, иддао мекунанд, ки дар райпусӣ аҳолӣ ширкати фаъол доштааст.

Ҷудоихоҳон ҳамчунин гуфтаанд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина, ки барои 25 май пешбинӣ шудааст, ширкат нахоҳанд кард.

Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки ҳар гуна ихлол дар интихобот боиси ташдиди таҳримҳо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG