Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ муфаттиши парвандаи марги Низомиддинро иваз кард


Ҷунайд Ҳомидов.

Додситонии Хатлон муфаттиши парвандаи пурсарусадои марги Низомиддин Ҳомидовро иваз кард.

Додгоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, ки бар асоси шикояти падари Низомиддин Ҳомидови 27-сола, ки шӯъбаи корҳои дохилии Вахш ӯро барои амали дуздӣ боздошт намуда, рӯзи дигар ҷасадашро ба наздиконаш баргардонд, муфаттиши ӯ иваз карда шуд. Дафтари матбуоти додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 13 май ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бар пояи шикояти волидони Низомиддин Ҳомидов дар мавриди нобоварӣ ба кори муфаттиши пешин Ҷалолиддини Гулмуҳаммадзода, муфаттиши дигар ба онҳо дода шуд.

Додгоҳи Хатлон мегӯяд, охирҳои ҳафтаи гузашта волидони Низомиддин Ҳомидов, аз ҷумла падар ва чанде дигар аз наздикони ӯ даъват шуда ва аризаи онҳо дар нисбати нобоварӣ ба муфаттиш баррасӣ ва шахси дигар барои тафтиши парванда таъйин карда шуд.

Ҷунайд Ҳомидов, падари Низомиддин мегӯяд, ки онҳо аз таҳқиқи парванда дар нисбати муфаттиш изҳори норозигӣ карданд ва додгоҳи вилояти Хатлон шикояти онҳоро ба инобат гирифта, муфаттишро иваз кард: «Ман фақат мехоҳам, ки ҳодисаи марги фарзанди 27 солаи ман ҳаққонӣ ва аз рӯи инсоф тафтиш карда шавад, милисаҳое, ки ӯро қапида оварданду латтукӯбаш карданд, ҷазои сазовор бинанд, лекин ҳоло фақат зидди нозири боздоштгоҳи муваққатӣ парванда боз карда шудааст, пас милисаҳо куҷо шуданд.»

Ба гуфтаи Ҷунайд Ҳомидов, кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ (ШКД)-и ноҳияи Вахш фарзанди ӯ Низомиддинро рӯзи 30 март аз назди як толори бозии билярд дар маркази ноҳия ба гумони дуздӣ боздошт карда, ба шӯъбаи пулис овардаанд, вале рӯзи дигар хабар додаанд, ки ҷасади писарашро бубарад.

Мақомот гуфтаанд, ки писараш дар камера бо майкае ки дар тан дошт, худро овехтааст. Вале Ҷунайд Ҳомидов ба ин фарзияи мақомот бовар надорад ва мегӯяд, ки дар як шаб бачаашро ончунон латту кӯб карданд, ки қабурғаҳояш шикаставу доғҳои сиёҳ дар баданаш рӯшан дида мешуд. Ӯ афзуд, ҷанозаи Низомиддинро аллакай ба хок супурдаанд, вале вай навори видеоӣ бо аломатҳои шиканҷа дар бадани фарзандашро ба вазорати корҳои дохилӣ, додситонӣ ва идораҳои дигар бурдааст.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карда, вале бо сабти ному насаби ҷабрдида ваъда дод, ки ба ин масъала расидагӣ хоҳад шуд. Ҷунайд Ҳомидов дар ҳамин ҳол мегӯяд, «писарам бекор набуд, дар Санэпидемстансияи ноҳия кор мекард ва ҳеҷ вақт дуздӣ намекард. Ман навори латту кӯби фарзандамро дар панҷ нусха сабт кардам ва ба тамоми идораҳо пешкаш мекунам, то ки кормандони милиса ҷазои амали худро бинанд.»

Зебо Қосимова, вакили мудофеи Низомиддин Ҳомидов мегӯяд, ки додгоҳи вилояти Хатлон тамоми асноди марбут ба парвандаи Низомилддин Ҳомидовро ба ихтиёри ӯ гузоштааст ва ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG