Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нур: "Натиҷаҳои ниҳоӣ дар вақти муъайяншуда эълон мешавад"


Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳури дар он кишварро дар вақти муъайяншуда эълон хоҳад кард.
Дар ҳоле, ки то кунун Комиссияи шикоятҳои интихоботии Афғонистон натиҷаҳои ниҳоии барасии шикоятҳоро ба Комиссияи мустақили интихобот насупурдааст, аммо ин комиссия мегӯяд, натиҷаҳои ниҳоии интихоботро дар вақти таъйиншуда эълом хоҳад кард. Нурмуҳаммад Нур, сухангӯи ин ниҳод рӯзи душанбе дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, агар натиҷаҳои баррасиҳои Комиссияи шикоятҳо имрӯз ба ин комиссия бирасад, натиҷаҳои ниҳоии интихоботро дар вақти муйаяншуда эълон мекунанд. Сухангӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон афзуд, бо дарназардошти ҳаҷми шумораи шикоятҳо ва гунҷонидани он дар система ва баррасии он, мумкин аст эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот ба таъхир рӯбарӯ гардад. Қарор буд комиссияи шикоятҳои интихоботи натиҷаи баррасиҳояшро рӯзи 11-уми май ба Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон бисупорад. Аммо ин комиссия рӯзи 11 май эълон кард, ки ё рӯзи душанбе ва ё сешанбе ин натиҷаҳоро ба Комиссияи мустақили интихобот бифиристад. Ин комиссия давоми шаш рӯзи ҳафтаи гузашта ҳудуди 900 мавриди шикояти интихоботии номзадҳо ва мардумро дар шаш нишаст ба таври ошкоро баррасӣ намудааст.
XS
SM
MD
LG