Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донетск хостори ҳамроҳшавӣ ба Русия шуд


Минтақаи ҷудоихоҳи Донетск рӯзи 12 май дар муроҷиаташ ба Русия дархост, кард, ки “ба хотири барқарории адолати таърихӣ” ин минтақаро ба худ ҳамроҳ кунад. Чунин даъват дар як нишасти хабарӣ аз забони Денис Пушинин, яке аз раҳбарони ба истилоҳ Ҷумҳурии мардумии Донетск садо дод. Ҳанӯз вокуниши Русия ба ин даъват садо надодааст. Дар изҳороти худ Пушинин гуфт, ки "бар пояи иродаи мардум ва ба хотири барқарор шудани адолати таърихӣ, мо аз Федератсияи Русия даъват мекунем, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Мардумии Донетскро ба қаламраваш бипазирад". Вай гуфт, ки мардуми Донетск ҳамеша бахше аз "ҷаҳони русӣ будааст". Вай гуфт, "барои мо таърихи Русия таърихи мо аст".
XS
SM
MD
LG