Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи аввали музокироти Тоҷикистону Қирғизистон поён ёфт


Дар Душанбе, дар рӯзи аввали музокироти аъзои комиссиюни ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон масоили аломатгузории марз ва моҷарои сокинони рустоҳои марзии ду кишвар дар таърихи 7 май баррасӣ шудааст. Қарор аст ин ҷаласа фардо ҳам дар Душанбе ба кори худ идома диҳад. Тибқи иттилои расмӣ, дар нишасти имрӯза нахуст ҷараёни таҳқиқоти задухӯрди тақрибан яку ним ҳазор сокини рустоҳои наздимарзӣ шунида шуд, ки ҳадди аққал 25 нафарро маҷрӯҳ бар ҷо гузошта баъди ин муддати се рӯз роҳи Ворух баста шуд. Дар пай ҷараёни музокироти сари аломатгузории марз ва баъдан, бунёди роҳҳои автомобилгард дар манотии марзӣ баррасӣ шудааст. Ин музокирот дар сатҳи муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон – Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG