Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзошариф Шарифзода додситони Душанбе шуд


Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар сохторҳои қудратии кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла Мирзошариф Шарифзода, ки то ин вақт дар мақоми додситони ноҳияи Рӯдакӣ ифои вазифа мекард, додситони шаҳри Душанбе таъйин шудааст. Ҳамчунин додситонҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Балҷувон, Вахш, Ҷиликӯл ва Тоҷикобод, додситони ҳарбии гарнизони Суғд ва додситони назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд дигар шуданд.

Бар пояи ин хабар, ҳамчунин Нурилло Орипов сардори Раёсати амнияти дохилии вазорати корҳои дохилӣ ва Саидхоҷа Мирзохоҷаев сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд. Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Шуғнон, Қайроққум, Вахш ва Панҷ низ шахсони дигар таъин шудаанд.

Ҳамчунин Музаффар Ҳотамов, дар мувофиқа бо президент, сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Нарзулло Соҳибов бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардиданд.
XS
SM
MD
LG