Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзиши рушди кӯдакон тавассути аниматсия


Дар шаҳри Душанбе барои рушди кӯдакони хурдсол ба воситаи омӯзиши нақшҳои филмҳои аниматсионӣ давраи омӯзишӣ баргузор мегардад. Аз шӯъбаи байналмилалии Институти "Ҷамъияти кушода" дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми май иттилоъ доданд, ки давраи омӯзишӣ зери унвони "Кӯдакон дар марказ" дар доираи лоиҳаи шарикии барномаи "Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон "-и шӯъбаи байналмилалии Институти "Ҷамъияти кушода"- дар Тоҷикистон ва дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, аз 13 то 16 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ба гуфтаи манбаъ, лоиҳаи мазкур барои таҳияи барномаҳои аниматсионӣ барои кӯдакони синни томактабӣ, ба хотири дастгирии кӯдакон барои омода шудан ба мактаб ва ҷалб намудани падару модарон дар раванди тарбияи кӯдакони худ, ки аз фарҳанги анъанавӣ ва ватанӣ асос мегирад, равона шудааст. Масъулони ин лоиҳа мегӯянд, ки тарбияи хурдсолон тавассути аниматсия, яке аз барномаҳои аввалини ватанӣ ба забони модарӣ мебошад ва барои рушди нерӯи эҷодӣ ва мутахассисони маҳаллӣ равона мегардад.
XS
SM
MD
LG