Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи як сокини Душанбе барои оворагардии писараш


Додгоҳи Исмоили Сомонӣ як сокини пойтахтро барои дар вақти дарс дар назди Парчами миллӣ гаштугузор кардани фарзанди мактабхонаш, тибқи моддаи 90-и Кодекси маъмурӣ ҷарима кард. Дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ сокини шаҳри Душанбе Баргигул Асоеваро барои оворагардии фарзандаш Темур Тоиров -- талабаи яке аз мактабҳои пойтахт дар назди Муҷтамаи Парчами миллӣ гунаҳкор дониста, тибқи моддаи 90-и Кодекси маъмурӣ ба андозаи як нишондод, ки ба 40 сомонӣ баробар аст, ҷарима кард. Темур Тоиров 19 феврали соли 2014 дар соати 10:20 дақиқа ҳини дарс дар боғи Парчами миллӣ ба оворагардӣ машғул шудааст ва кормандони милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро боздошт карда дар нисбати модараш Баргигул Асоева барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ, парвандаи маъмурӣ боз карда будаанд.
XS
SM
MD
LG