Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Рогозин ба Молдова


Муовини нахуствазири Русия ба Молдова таҳдид кард, ки дар сурати имзои созишномаи ҳамроҳшавиаш бо Иттиҳодияи Аврупо, паёмадҳои муайянро интизор бояд шуд. Дар сӯҳбат бо нашрияи русии “Коммерсант” Дмитрий Рогозин гуфт, ки дар сурати имзо шудани созишномаи ҳамроҳшавии Молдова бо Иттиҳодияи Аврупо, Маскав равобити иқтисодиашро бо Кишинев бозбинӣ хоҳад кард. Вай гуфт, ки қабл аз пайвастшавӣ ба Иттиҳодияи Аврупо, аъзои он ба ҳайати НАТО – паймони низомии Атлантикаи шимолӣ мепайвандаднд ва мавқеи бетарафи Молдова ҳам дар сурати ҳамроҳшавиаш ба Иттиҳодияи Аврупо тағйир меёбад.
XS
SM
MD
LG