Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии "Зенит" ва "Динамо" дар дақиқаи 86 қатъ шуд


Бозии футболи миёни дастаҳои “Зенит”-и Санкт-Петербург ва “Динамо”-и Маскав дар дақиқаи 86 қатъ шуд ва бозигарон майдонро тарк карданд.

Сабаб ин буд, ки садҳо нафар мухлисони “Зенит” вориди майдони бозӣ шуданд ва яке аз онҳо ба рӯи Владимир Гранат-бозигари “Динамо” ду торсакӣ зад. Чунин вазъ дар ҳоле рух дод, ки дар бозӣ ҳисоб 4 бар 2 ба нафъи “Динамо”-и Маскав буд.

Баъд аз задани торсакӣ ба рӯи бозигар ин мухлис ба довари бозӣ таъкид кардааст, ки бозиро қатъ ва бозигаронро аз майдон ба “раздевалка” бифиристад.

Ҳоло доварон ин масъаларо баррасӣ мекунанд, ки бохти “Зенит”-ро чӣ тарз эълон кунанд, бо ҳисоби 4 бар 2 ва ё он гуна, ки дар бозиҳои ҷаримавӣ эълон мешавад, 3 бар 0. Ин тасмим баъд аз мулоқоти Кумитаи интизомии федератсияи футболи Русия эълон хоҳад шуд.

То ин бозӣ “Зенит” бо 60 хол дар садри ҷадвали бозиҳои Русия қарор дошт. Баъд аз он “Локомотив”-и Маскав бо 59 хол дар зинаи дуввум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG