Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: Теҳрон "апартеиди илмӣ ва ҳастаӣ"-ро нампазирад


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ–раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, Теҳрон дар музокироти худ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ роҷеъ ба барномаҳои зиддинақизи худ “апартаиди илмӣ ва ҳастаӣ”-ро намепазирад ва зери бори он ҳам намеравад.

Рӯҳонӣ 11 май зимни сухунони худ аз шабакаи давлатии телевизиони кишвараш гуфт, ки кишвари вай дар созиш бо Бритониёву Фаронса, Русияву Чин ва Амрико шаффофият пешниҳод мекунад, вале “таҷҳизоти ҳастаии Эрон мавзӯи музокира нест.”

Интизор меравад, ки музокироти ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон 13 май аз сар гирифта шавад ва дар он ҷонибҳо роҷеъ созишномаи ниҳоӣ дар фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар гуфтугӯ кунанд.

Моҳи июл созишномаи муваққатии ҷонибҳо барои шаш моҳ дар бораи коҳиши таҳримҳои зидди Эрон ба поён мерасад. Муҳофизакорон дар Эрон аз Ҳасани Рӯҳонӣ беш аз пеш интиқод мекунанд, ки вай ба Ғарб гузаштҳои зиёд кардааст, вале бурди хеле кам дорад.
XS
SM
MD
LG