Амрико омода нест, натиҷаҳои райпурсии ғайриқонунӣ дар шарқи Украинаро эътироф кунад. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷаи Амрико эъломияе ба нашр расондааст. Ҷен Псакӣ-сухангӯи ин вазорат хотирнишон сохт, ки райпурсии 11 май дар шарқи Украина ба қонунҳои байналмиллалӣ ва тамомияти арзии Украина муғоират дорад.
Дар бораи ширкати аҳолӣ дар райдиҳӣ маълумоти зиддунақиз нашр мешавад. Дар интернет аксҳо аз навбати райдиҳандагон дар ҳавзаҳо барои райдиҳӣ чоп шудааст. Вале нозирони мустақил бар ҷараёни ин райдиҳӣ назорат намекунанд ва касе дурустии онро наметавонад таъйид кунад.