Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руминия аз Русия тавзеҳот хостааст


Дмитрий Рогозин
Дмитрий Рогозин
Руминия барои ёддошти таҳдидомези як мақоми баландпояи Кохи Кремл аз Русия тавзеҳот хостааст. Дмитрий Рогозин-муовини нахуствазири Русия баъд аз мамнуъ эълон кардани парвози ҳавопаймояш бар фарози Руминия гуфтааст, ки бо ҳавопаймои ҷангӣ бархоҳад гашт.

Рогозин ин ҳушдорро 10 май дар сафҳаи Twitter-и худ навишт. Ҳавопаймои вай аз минтақаи ҷудоихоҳи Приднестровиеи Молдова ба Русия бармегашт. Рогозин яке аз мақомоти расмии Русия аст, ки кишварҳои ғарбӣ бо назардошти фаъолиятҳои таҳдидомезаш нисбат ба Украина сафараш ба кишварҳои ғарбиро мамнуъ эълон кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷаи Руминия аз Маскав хостааст, ки оё навиштаи Рогозин “мавзеъгирии Русия нисбат ба як кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ва узви паймони НАТО мебошад”.
XS
SM
MD
LG