Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри хотироти шифоҳии Муҳаммадҷон Шакурӣ


Китоби «Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт», ки хотироти шифоҳии устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар бар мегиранд, аз чоп баромад. Ин китоб бо хатти форсӣ ва сириллик тадвин шуда ва бар асоси гуфтаҳои устод Шакурӣ дар охирин солҳои ҳаёташон ва тавасути худашон таҳия шудааст. Китоб бо кӯшиши Дилафрӯз Қурбонӣ ва доктор Маҷид Асадӣ, зери назари хонум Дилафрӯз Икромӣ (ҳамсари устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ) тавассути ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯи чопро дида, аз ҳикоятҳое аз зиндагии устод чун, ҳикояти омӯзиши забони форсии тоҷикӣ ба фарзандон, мубориза дар роҳи қонунӣ ва миллӣ шудани забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон, ҳикоятҳое аз даврони донишҷӯӣ, иборат мебошад.

Ин донишманди саршиноси тоҷик рӯзи 16-уми сентябри соли 2012 дар синни 87 солагӣ дар Душанбе даргузашт. Устод Шакурӣ, фарзанди равшанфикри маъруф Шарифҷон –Махдуми Садри Зиё соли 1926 дар Бухоро таваллуд шудааст. Академик Шакурӣ аз муҳаққиқони барҷастаи забону адабиёт ва таърихи мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз ӯ чандин китобу таҳқиқот, аз ҷумла «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад», «Хуросон аст инҷо», «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист”, "Садри Бухоро", "Равшангари бузург" ва "Фитнаи инқилоб дар Бухоро” ба ёдгор мондааст.
XS
SM
MD
LG