Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 нафар дар ҷангҳои Фалуҷа кушта шудаанд


Мақомоти беҳдоштии Ироқ мегӯянд, ки 10 май дар шаҳри Фалуҷа 11 нафар кушта шудаанд. Онҳоро аз моҳи декабр ба ин сӯ размандагони зиддидавлатӣ дар боздошт нигоҳ медоштанд.

Доктор Аҳмад Шамӣ аз бемористони аслии шаҳри Фалуҷа ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки дар ин бомбборон 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ин куштор як рӯз баъд аз амалиёти густардаи низомии нируҳои Ирорқ иттифоқ афтодааст, ки барои ба назорати худ даровардани Фалуҷа анҷом додаанд. Дар ин шаҳр аслан пайравони мазҳаби суннӣ ба сар мебаранд.

Бино ба гуфтаи як мақоми вазортаи дифои Ироқ, нируҳои давлатӣ бисёре аз ҷанговарони Ал Қоидаро кушта шумораи зиёди аслиҳа ва мошинҳои онҳоро мусодира кардаанд.
XS
SM
MD
LG