Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санкт-Петербург ба суроғи довталабони тоҷик меояд


Донишҷӯёни тоҷик дар яке аз донишгоҳҳои Русия. Акс аз бойгонӣ

Донишгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба нақша гирифтаанд, ки барои соли таҳсили нав сад нафар довталабонро аз Тоҷикистон ба ин донишгоҳҳо ҷалб кунанд.

Ба ин манзур ҳайате аз донишгоҳҳои Сант-Петербург то охири моҳи май ба Душанбе сафар ва барои довталабон имтиҳон баргузор хоҳад кард. Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Фаррух Сатторов-намояндаи Маркази барномаҳои байналмиллалии назди вазорати маорифи Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар бораи шарту шароити қабул ва таҳсили ҷавонони тоҷик тавзеҳоти бештар пурсидам. Ёдовар мешавам, ки Фаррух Сатторов низ дар таркиби ин ҳайати донишгоҳӣ ба Душанбе меравад.

Сатторов: Мо бо ҳайате аз се донишгоҳи шаҳри Санкт Петербург имкон дорем, ки ҳар сол ба Душанбе равем ва сад нафарро барои таҳсил дар ин донишгоҳҳо имтиҳон ва қабул кунем. Таҳсили онҳоро донишгоҳҳои Санкт-Петербург маблағгузорӣ мекунанд.

Озодӣ: Ҷалб ва тарзи супоридани имтиҳони довталабон дар Тоҷикистон чӣ тавр аст?

Сатторов: Дар Маркази барномаҳои байналмиллалии назди вазорати маорифи Тоҷикистон ҷое барои қабули имтиҳонҳо интихоб мекунанд. Сипас, вазорати маориф ба донишгоҳҳои Санкт Петербург номаи расмӣ ё даъватнома мефиристад ва донишгоҳҳо бар асоси он ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Ҳайати Русия ҳамаи варақаҳои имтиҳониро бо худ мегирад ва ин варақаҳои имтиҳонӣ аз варақаҳое, ки дар Русия маъмул аст, фарқ дорад.

Озодӣ:: Шарту шароити қабул чӣ аст, чӣ омилҳо ҳангоми қабули довталабон дар назар гирифта мешавад?

Сатторов: Довталабон ду имтиҳон месупоранд, аз забони русӣ ва аз математика (риёзиёт) ва имтиҳони севвум ба худи довталабон вобаста аст, ки онҳо кадом ихтисосро интихоб мекунанд. Пеш аз оғози имтиҳонҳо ҳайат ҳамаи ин шартҳоро ба довталабон тавзеҳ медиҳад. Ҷараёни қабули имтиҳонҳо ду рӯз давом мекунад.

Озодӣ:: Ҳайате, ки аз шаҳри Санкт-Петербург ба Душанбе меравад, аз кадом донишгоҳҳо ҳастанд?

Сатторов: Аз Донишгоҳи давлатии электротехникӣ, Донишгоҳи ЭТМО, ки он ҳам коршиносони технологӣ тарбия мекунад. Донишгоҳи севвум "Иститут холода и биотехнологии" ном дорад.

Озодӣ: Оё ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби ин сад нафар довталабон ба донишгоҳҳои Санкт-Петербург дархост фиристодааст ё худи донишгоҳ дар ин кор ташаббус нишон додааст?

Сатторов: Аз тарафи донишгоҳҳо ба вазорати маорифи Тоҷикистон номгӯи ихтисосҳо равон карда мешавад ва довталабон ин ихтисосҳоро барои таҳсил интихоб мекунанд.

Озодӣ: Оё донишҷӯён дар давоми 4 ё 5 соли таҳсил фақат аз ҳисоби будҷаи донишгоҳ ё Русия таҳсил хоҳанд кард?

Сатторов: Бале, донишгоҳ дар тамоми давраи таҳсил ҳақи таҳсили дониШҷӯёнро пардохт мекунад.

Озодӣ: Ва баъд аз хатми таҳсил бояд ин донишҷӯён ба Тоҷикистон баргарданд ё метавонанд дар Русия ҳам кор кунанд?
Фаррух Сатторов
Фаррух Сатторов
Сатторов: Пеш аз дохил шудан довталабон бо вазорати маорифи Тоҷикистон шартнома имзо мекунанд. Дар он ҳар ду ҷониб қарор хоҳанд кард, ки баъд аз хатми донишгоҳ довталаб бояд чӣ кор кунад, ба Тоҷикистон баргардад ва барои Тоҷикистон кор кунад ва ё ягон шарту шароити дигар. Маъмулан онҳо бар асоси шартнома бояд баргарданд ва барои Ватани худ кор кунанд.

Озодӣ: Рафту баргашт ҳам, яъне кирояи роҳи донишҷӯён аз ҳисоби донишгоҳ хоҳад буд?

Сатторов: Роҳкироро худи донишҷӯён пардохт мекунанд. Яъне дар давоми 5 соли таҳсил худи донишҷӯ роҳкирояшро медиҳад. Вале донишгоҳҳо мехоҳанд, ки ҳар сол шумораи донишҷӯёнро аз Тоҷикистон бештар кунанд. Барномаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Санкт-Петербург ташаббуси худи донишгоҳҳои ин шаҳр аст.

Озодӣ: Мо метавонем бигӯем, ки ташаббус аз ҷониби Русия аст, на аз ҷониби Тоҷикистон?

Сатторов: Бале, дар асоси шартномае, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои ЕврАзес имзо шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ва Русия метавонанд дар асоси ҳамин шартнома донишҷӯёни худро дар донишгоҳҳои якдигар таълим диҳанд.

Озодӣ: Оё чунин имкониятро Русия танҳо барои довталабон аз Тоҷикистон додааст, ки биёянд дар Санкт-Петербург таҳсил кунанд ё ба ҷумҳуриҳои дигари Шӯравии пешин ҳам ин пешниҳодҳоро фиристодаанд.

Сатторов: Дар ин самт Русия бо ду кишвар ҳамкории хуб дорад, бо Тоҷикистон ва бо Қазоқистон. Шаҳрвандони Беларус аз ҳуқуқу имтиёзҳои шаҳрвандони Русия бархӯрдоранд. Аммо аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамин гуна ҳамкориҳо бо Тоҷикистону Қазоқистон ташкил шудааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG