Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Донетск кормандони Салиби Сурх раҳо шуданд


Мақомоти Салиби Сурх дар Киев гуфтаанд, ки чанд нафар аз кормандони ин созмон дар шаҳри Донетск дар шарқи Украина тавассути шӯришиён шабона боздошт ва субҳи 10 май раҳо шудаанд. Суби 10 май сухангӯи ҷумҳурии худхондаи “мардумии Донетск” гуфт, ки ин гурӯҳ шоми 9 май ба гумони ҷосусӣ боздошт шуда буд.

Хабаргузории Ройтерз аз қавли Ирина Тсарчук-мақоми Салиби Сурх навиштааст, ки яке аз кормандони ин созмон “бераҳмона латукӯб” шудааст.

Бино ба навиштаи як торнамои маҳаллӣ бо номи “ Новости Донбасса”, афроди номаълуми мусаллаҳ дар Донетск ба дафтари ин созмон дохил шудаанд ва 7 нафарро боздошт кардаанд. Яке аз онҳо шаҳрванди Фаронса, се нафар аз сокинони маҳаллӣ ва се нафар аз шаҳри Киев будаанд.
XS
SM
MD
LG