Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аваков: Дар Мариупол 20 ҷудоихоҳ кушта шудааст


Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина, рӯзи ҷумъа, дар бораи ҳалокати тақрибан 20 ҷудоихоҳи рустабор дар ҷараёни даргириҳо дар раёсати милисаи шаҳри Мариуполи вилояти Донетск хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин задухӯрд як корманди милиса кушта ва панҷ каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Аваков дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, ки панҷ тан аз ҷудоихоҳон асир уфтоданд, дигарон силоҳҳои худро партофта дар маҳаллаҳои зист панаҳ бурданд.

Ба иттилои идораи ҳифзи сиҳати вилояти Донетск, дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Мариупол се нафар ба ҳалокат расида, 25 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG