Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар парадҳои низомии Севастопол ширкат кард


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи ҷумъа, 9 май, ба хотири ширкат дар тантанаҳо ба шарафи Рӯзи Ғалаба вориди шаҳри Севастопол шуд. Дар шаҳри Севастопол се паради алоҳидаи низомӣ баргузор гардид ва сарвари Русия аз дутои онҳо – баҳрӣ ва ҳавоӣ ҳузур дошт. Ӯ зимни суханронӣ дар ин шаҳр гуфт, "хушҳолам, ки дар ин ҷо, дар Севастополи қаҳрамон, дар ин рӯзи муқаддас ҳамроҳи шумо ҷашни асосии кишварамонро таҷлил мекунам".

Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк ташрифи Путин ба Севастополро “дасиса” номид. Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен ин сафарро “бемавқеъ” арзёбӣ кард.

Парадҳои низомӣ рӯзи ҷумъа дар 24 шаҳри Русия баргузор шуданд. Дар парад дар Майдони Сурхи Маскав беш аз 11 ҳазор низомӣ, 151 техникаву зиреҳпӯш ва 69 ҳавопаймову чархбол ширкат доштанд. Владимир Путин дар суханронӣ дар парад гуфт, ки 9 Май Иди асосӣ ва Рӯзи пирӯзии милливу хотираи абад буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG