Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони дифоъ ба нишони эътироз коршиканӣ карданд


Дар Покистон рӯзи ҷумъа вакилони мудофеъ ба нишони эътироз алайҳи куштори ҳомии ҳуқуқи башар Рашид Раҳмон даст ба коршиканӣ заданд. Онҳо мотами серӯза эълон намуданд ва аз ҳукумат талаб карданд, ки қотилонро пайдо ва муҷозот кунад.

Ду рӯз пеш афроди ношинос дар шаҳри Панҷоб вориди дафтари кори ҳамоҳансози Комиссиюни ҳуқуқи башари Покистон Рашид Раҳмон шуда сӯи ӯ оташ кушоданд. Рашид Раҳмон дар роҳ ба бемористон ҷон дод. Дар ин ҳамла ду тан аз ҳамкорони ӯ маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Рашид Раҳмон вакили дифоъи як гумонбар дар тавҳин ба Худо буд. Аз ин пеш мегуфт, ки дар робита ба ин парванда ба ӯ чанд бор таҳдиди куштан кардаанд.
XS
SM
MD
LG