Мақомоти Украина хостори баргузории сӯҳбатҳои “мизи гирд” ба хотири муколамаи умумимиллӣ оид ба ислоҳоти идораи маҳаллӣ шуданд. Дар изҳороти муштараки кафили раёсатҷумҳурӣ Александр Турчинов ва нахуствазир Арсений Ятсенюк, ки рӯзи ҷумъа, 9 май, нашр шуд, ҳама нерӯҳои сиёсӣ аз ҳама манотиқ ҳамчунин намояндагони ҷомеъаи шаҳрванднӣ ва донишмандон ба ин муколама даъват мешаванд.
Раҳбарони муваққати Украина гуфтанд, ки авзоъ дар манотиқи шарқии кишвар ноором боқӣ мемонад ва ваъда доданд, ки барои дифоъ аз мардум ва эътидоли авзоъ аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегиранд. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки ҳама гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ бояд фавран силоҳ ба замин гузоранд, гаравгонҳо ва биноҳои забтнамударо озод кунанд. Ҷудоихоҳоне, ки “касеро кушта ё шиканҷа накардаанд”, афв хоҳанд шуд, омадааст дар изҳорот.
ИМА аз ин пешниҳоди Киев пуштибонӣ кард. Марӣ Ҳарф, муовини сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, гуфт, ки украиниҳо барои муайян кардани фардои кишвар бояд пушти мизи музокирот нишинанд ва баъдан дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 25 май барои ин фардо раъй диҳанд. Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки Вошингтон назарпурсиҳои рӯзи 11 май дар бораи мақоми вилоятҳои Донетск ва Луганскро “ғайриқонунӣ” мешуморад.
Рӯзи чаҳоршанбе раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз ҷудоихоҳони рустабор даъват кард, ки ин назарпурсиро мавқуф гузоранд, аммо онҳо посухи рад доданд.