Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Тоҷикистон боронӣ мешавад


Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон номусоидии ҳарорати ҳаворо дар се рӯзи оянда пешгӯӣ мекунад.

Маҳмад Сафаров, раиси Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 9 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "аз имрӯз шурӯъ карда то таърихи 11 май дар қаламрави Тоҷикистон номусоидии ҳарорати ҳаво дар назар аст, ки резиши боронҳои кӯтоҳмуддат ва шиддатнокро дар назар дорад".

Ба таъкиди ҷаноби Сафаров, ҳамчунин дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳӣ вуқӯи селу обхезӣ пешбинӣ мешавад, ки дар паи зиёд шудани мизони оби дарёҳо иртибот мегирад.

Ин аст, ки ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ба ҳама идороту муассисаҳои кишвар огоҳӣ фиристодааст, то барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна эҳтимоли вуқӯи ҳаводиси табиӣ омода бошанд.

Ҳушдори Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон дар мавриди номусоид омадани ҳарорати ҳаво дар се рӯзи оянда ва эҳтимоли вуқӯи селу обхезӣ дар ҳолест, ки ҳудуди як моҳ пеш дар паи боронгариҳои шадид, ки ба фаромадани ярч дар деҳаи Одинабойи ноҳияи Шӯрообод сабаб шуда буд, 13 кушта бар ҷой гузошт.

Ҳамчунин паёмади офоти табиӣ дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ ва Хуросон ба ҳалокати 4 нафари дигар, ки дуи он кудакон будаанд, боис гардид.
XS
SM
MD
LG