Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон дархости Путинро дар бораи райпурсӣ рад карданд


Раҳбарони ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия дар шарқи Украина дар минтақаҳои Донетск ва Луҳанск мегӯянд, ки бо вуҷуди дархости Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар бораи ба таъвиқ андохтани райпурсӣ онҳо ин райпурсиро барои таъйини сарнавишти ояндаи минтақаҳо 11 май баргузор хоҳанд кард.

Ба истилоҳ “кумитаи ҳамоҳангӣ”-и минтақаи худхондаи “Ҷумҳурии мардумии Донетск” баъд аз мулоқоти худ дар бинои ба ихтиёри нируҳои Украина гузашта 8 май гуфт, ки онҳо райпурсӣ баргузор мешавад.

Аммо Майа Косийанчич-сухангӯи масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки чунин райпурсиҳо на 11 май ва на баъд аз он баргузор нахоҳанд шуд. Вай гуфт, ки ин райпурсӣ эътибори қонунӣ нахоҳанд дошт ва танҳо вазъро беш аз пеш ноором хоҳад кард.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 7 май аз раҳбарони ҷудоихоҳон дар минтақаҳои Донетск ва Луҳанск хост, ки аз баргузории чунин райпурсӣ худдорӣ кунанд. Вале ҷудоихоҳон ин пешниҳодро рад карданд.
XS
SM
MD
LG