Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони навраси тоҷик аз Булғористон барои Русия тилло овард


Муҳаммадхон Муҳаммадзода, паҳлавони навраси тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии озоди Аврупо дар Булғористон соҳиби медали тилло гардид

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ байни наврасон, ки рӯзи 6 май дар шаҳри Самоков баргузор шуд, Муҳаммадхон дар рақобатҳо дар вазни 42 килограмм ғолиб шуд.

Ин гуштигири ҷавони тоҷик, ки зодаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон аст, дар ин мусобиқа дар ҳайати дастаи мунтахаби Русия ҳунарнамоӣ кард. Вай баъди чор пирӯзӣ ба финал баромад ва дар даври ниҳоӣ рақиби арманиашро шикаст дод.

Пас аз ширкат дар яке аз мусобиқоти байналмилалӣ дар хориҷ аз кишвар мураббиёни мактаби захираҳои олимпии Доғистон Муҳаммадхонро барои такмили маҳорати варзишияш ба шаҳри Хасавюрт даъват кардаанд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо байни наврасон:

42 кг

1. Муҳаммадзода Муҳаммадхон (Русия)
2. Армен Миноян (Арманистон)
3. Георгий Хачидзе (Гурҷистон)
3. Чихан Юрхан (Туркия)

46 кг
1. Исмоил Гаджиев (Русия)
2. Элин Намозов (Озарбойҷон)
3. Ҷаббор Дуйюн (Туркия)
3. Николай Чабан (Укроин)

50 кг
1. Комил Хашалов (Озарбойҷон)
2. Магомед Бадруддинов (Русия)
3. Роман Гутсуляк (Укроин)
3. Нарек Ховханесян (Арманистон)

54 кг
1. Амирхон Гуважоков (Русия)
2. Вагинак Матевосян (Арманистон)
3. Андрей Ятсенко (Укроин)
3. Микяй Наим (Булғористон)

58 кг
1. Алӣ Кам (Туркия)
2. Стефан Тону (Молдова)
3. Динислом Аҷиев (Русия)
3. Святослав Петров (Булғористон)

63 кг
1. Теймур Мамедов (Озарбойҷон)
2. Заур Токаев (Русия)
3. Геворг Мхеян (Арманистон)
3. Иверико Ҷулакидзе (Гурҷистон

69 кг
1. Магомед Дибиргаҷиев (Русия)
2. Албертс Юрченко (Латвия)
3. Равил Бабазаде (Озарбойҷон)
3. Максим Коржан (Укроин)

76 кг
1. Ҷабраил Шапиев (Русия)
2. Меки Симония (Гурҷистон)
3. Саргис Овсепян (Арманистон)
3. Гаҷимурад Магомедсаидов (Озарбойҷон)

85 кг
1. Шамил Саъдуллоев (Озарбойҷон)
2. Бендегуз Тот (Маҷористон)
3. Лаврунас Дамидавичюс (Литва)
3. Хох Хугаев (Русия)
XS
SM
MD
LG