Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти низомӣ дар шарқи Украина идома меёбад


Украина мегӯяд, ки амалиёти низомии онҳо бар зидди ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина бо вуҷуди тасмими ҷудоихоҳон дар бораи баргузории райпурсӣ идома хоҳад ёфт.

Андрий Парубий-Дабири Шӯрои Амнияти Миллӣ ва Дифои Украина гуфт, ки “амалиёти зиддитеррористӣ” давом хоҳад кард, гарчӣ раҳбарони худхондаи “Ҷумҳурии Мардумии Донетск” ба нақша гирифтаанд, ки райпурсии 11 майро ба таъвиқ андозанд.

Нируҳои Украина баъзе аз биноҳои ҳукуматиро, ки дар 12 шаҳр нируҳои ҷудоихоҳ ба тасарруфи худ дароварда буданд, дубора ба назорати худ гирифтанд.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 7 май аз раҳбарони ҷудоихоҳон дар минтақаҳои Донетск ва Луҳанск хост, ки аз баргузории чунин райпурсӣ худдорӣ кунанд.

Раҳбарони ҷудоихоҳ мегӯянд, ки онҳо пешниҳоди Путинро баррасӣ хоҳанд кард. Дмитрий Песков гуфт, Кохи Кремл мунтазири натиҷаҳои “ҳамоиши мардумии Донетск” аст, ки оё онҳо дар бораи баргузории райпурсӣ тасмим хоҳанд гирифт ё на.
XS
SM
MD
LG