Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Русияро аз феҳристи имтиёзҳо берун меорад


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба нақша гирифтааст, ки Русияро аз имтиёзҳои тиҷоратии барномаҳои кӯмак ба кишварҳои рушдёбанда маҳрум кунад. Ин як навъ муҷозот ба Русия барои тасарруфи Қрим ва ноором сохтани вазъ дар шарқи Украина арзёбӣ мешавад.

Обама 7 май ба Конгресси Амрико ёддошт фиристод ва дар он гуфта мешавад, ки мехоҳад Русия аз ин барномаҳо берун оварда шавад. Русия соли гузашта дар гурӯҳи 9 кишваре буд, ки бештар аз ҳама аз ин барномаҳо суд бардоштаанд.

Агар ин имтиёзҳо аз Русия гирифта шавад, дар он сурат молу колоҳои Русия ба Амрико на бо боҷҳои имтиёздор балки бо боҷҳои маъмулӣ вориди Амрико хоҳанд шуд. Соли гузашта аз ҳисоби чунин имтиёзҳо Русия 296 миллион доллар фоида дид.
XS
SM
MD
LG