Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виллиам Бернз аз Қазоқистон боздид мекунад


Виллиам Бернз
Виллиам Бернз
Интизор меравад, ки Виллиам Бернз-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико 8 май аз Қазоқистон боздид ва дар Остона бо мақомоти баландпояи ин кишвар дидору гуфтугӯ кунад.

Дар эъломияе, ки вазорати хориҷаи Амрико мунташир сохтааст, гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин боздид доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ, аз ҷумла бӯҳрони Украина, рӯйдодҳои Афғонистон ва пазируфтани Қазоқистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат баррасӣ мешавад. Бернз ба нақша гирифтааст, ки дар Остона бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кунад.

Бернз баъд аз боздиди дурӯза аз Тошканд вориди Остона-пойтахти Қазоқистон мешавад. Вай дар Тошканд бо мақомоти баландпояи ҳукумати Узбакистон мулоқот ва вазъи Афғонистон, масоили сиёсии минтақаӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва вазъи ҳуқуқи башарро баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG