Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунсанпайса сарвазири муваққати Таиланд таъин шуд


Масъулияти сарварии ҳукумати Таиланд то таъсиси кобинаи нави вазирон бар ӯҳдаи муовини нахуствазир Ниуотэмронг Бунсанпайса вогузошта шуд. Тасмим дар он бора баъд аз он гирифта шуд, ки рӯзи чоршанбе, 7 май, Додгоҳи Қонуни асосии Таиланд нахуствазири Йинглак Шиноватраро ба истеъфо фиристод. Хонум Шиноватра дар сӯиистифода аз мансаб айбдор мешавад. Дар нишасти Додгоҳи Қонуни асосӣ додрас нахуствазирро дар он муттаҳам кард, ки ӯ соли 2011 раҳбари вақти Шӯрои амнияти миллӣ Тхавин Плиенсиро ба мақоми дигар гузаронд, то курсияшро дар ихтиёри яке аз хешовандонаш гузорад. Бар пояи хабарҳо, аъзои кобинаи вазирон, ки аз ин тасмими нахуствазир пуштибонӣ кардаанд, низ аз мансабҳояшон маҳрум мешаванд.

Йинглак Шиноватра дар нишасти Додгоҳи Қонуни асосӣ гуфт, аз мақоми волотарро соҳиб шудани генерали полис Приюпан Дамапонг, ки бародари ҳамсари собиқи Таксин Шиноват аст, ягон манфиат надидааст. Йинглак Шиноватра – хоҳари хурдии нахуствазири пешин Таксин Шиноват аст, ки чанд сол пеш бар асари эътирозҳои густарда Таиландро тарк намуд.
XS
SM
MD
LG