Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳоди Дарё: «Ман узви хонадони бузурги Тоҷикистон ҳастам»


Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори "Озодӣ" Фарҳоди Милод бо овозхони саршиноси Афғонистон Фарҳоди Дарё.

Фарҳоди Дарё маъруфтарин, сермаҳсултарин ва асаргузортарин овозхон, оҳангсоз ва коргардони Афғонистон ба шумор меравад ва фаъоли ҳуқуқи башар ва сафири сулҳи Созмони Милали Муттаҳид аст. Чандин бор унвони беҳтарин овозхони сол дар Афғонистонро касб кардааст. Оиладор, соҳиби як писар ба номи Ҳиҷрон.

Танҳо консерти Фарҳоди Дарё дар Тоҷикистон дар соли 2008 барпо шуд. Сӯҳбате, ки ҳоло манзури хонандагони «Озодӣ» мешавад, пас аз сафари саввуми Фарҳоди Дарё ба Тоҷикистон анҷом шуд. Овозхони саршинос ин навбат барои ширкат дар маросими эҳдои ҷавоиз, ки бо ибтикори телевизиони «Сафина» ва вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ҳимояти ширкати «Қиём Ентертейнмент» сурат гирифт ба Душанбе омад ва ҷоизаи «Бузургситораи мусиқии Шарқ»-ро гирифт. Аввалин саволи мо ҳам аз Фарҳоди Дарё ин буд, ки ин қадрдонӣ дар Тоҷикистонро чӣ гуна қабул кард?

Фарҳоди Дарё: Лақаб ё ҷоизаи “Бузургситораи мусиқии Шарқ” оинаи муҳаббати як миллат барои ҳунармандест, ки хидматгорашон буда. Хидматгор хидмат мекунад, мардум подош медиҳад. “Бузургситораи Шарқ” подоши муҳаббати мардум дар қиболи хидматест, ки ҳунарманд анҷом додааст. Чун бори аввал аст, ки ба ин густардагӣ иттифоқ афтода ва фаротар аз марзҳои як кишвару ду кишвар рафта, ба ин хотир, барои ҳавзаи муштараки фарҳангие, ки шомилу Афғонистону Тоҷикистон ва Эрон мешавад, аҳамияти зиёде дорад.

Озодӣ: Оқои Дарё, Шумо дар саҳнаҳои бузург дар саросари ҷаҳон овозхонӣ кардаед ва ин дафъа, ки дар саҳнаи “Ҷило” як маросими фарҳангӣ дар Тоҷикистон, овоз хондед, ин саҳнаро чӣ гуна дарёфтед?
Фарҳоди Дарё: “Ҷило” хуб дурахшид. Хеле ороста ва пероста буд. Афзун бар дастандаркорон, шуморе аз мақомоти ҳам дар он ширкат доштанд. Аз он ҷумла, ҷоизаи ман тавассути ҷаноби вазири фарҳанги Тоҷикистон эҳдо гардид. Саҳмгирии бузургони кишвар дар канори ҳузури нухбагони мусиқиву фарҳанги Тоҷикистон бар арзиши ин ҳодиса афзуда буд. Аз ин хотир, ман инро хеле бузургтар аз як ҳодисаи якшабаву яку ду ё сесоата мешуморам.

Озодӣ: Устод, ҳар ҷо як ҳодисаи муҳим мегузарад, овозаҳоеро ҳам ба дунбол дорад, минҷумла дар мавриди «Ҷило» расонаҳо аз ин хусус ҳам навиштанд, ки ҷоизаи Шумо гум шудааст?

Фарҳоди Дарё: На! Тавре, ки шумо ҳам мушоҳида мекунед, ҳамин акнун бо ман ва дар канори ман аст. Агар аз шакли берунии он, ки як чизи зебои шиша аст, бигзарем, ин тандис дар асл намоди муҳаббати як миллат ба гулӯи худаш аст. Муҳаббатро намешавад дуздид, ё гум кард. Ҳаводисе, ки сари забони ом меафтад ва фаротар аз марзҳо меравад, ҳамеша ҳангомасоз буда. Ба ҳамин иллат, қиссаҳо ва шоиаҳои “Ҷило” ҳам фаротар аз Тоҷикистон меравад ва мардум дӯст доранд дар борааш ҳарф бизананд, ки намояндагӣ аз аҳамияти ин ҳодиса дорад. Гапи охир, ки ҷоиза на танҳо гум нашуда буд, балки хеле пайдо буд!

Озодӣ: Дар Тоҷикистон 30 сол мешавад, ки Шуморо гӯш мекунанд. Таронаҳое назири «Ҷӯра надорӣ, ҷӯраҷон» - у «Сари нор омадаем» то як – ду соли пеш моли халқ - фолклор ҳисобида мешуданд. Таронаҳои Шумо базму хушиҳои мардуми тоҷикро ҳам, ба истилоҳ, зеб медоданд. Ин “ҳузури” 30 – солаи худро дар Тоҷикистон то куҷо эҳсос кардед?

Фарҳоди Дарё: Агар хеле самимона ва кӯтоҳ бигӯям, ҳис кардам, ки узви хонаводаи бузурги Тоҷикистон ҳастам. Ман дар Тоҷикистон на танҳо худро рӯи саҳна дидам, балки дар маҷолиси арӯсӣ, ки пайванди зиндагиҳо аст, дар тарабхонаҳо, дар кабобиҳо ва дар бозорҳо ҳам сурудаҳои худро шунидам ва ҳузури худро ҳис кардам. Дар як тарабхонаву дар як кабобӣ ҳам худро шунидам. Як рӯз ба “Бозори сабз” ё “Зелений бозор” ҳам рафтам. Аҷаб лаҳзаҳои гарм ва шукуфое буд, ки намедонам тавони қисса карданашро дорам ё хайр.
Барои он ба “Бозори сабз” рафтам, то дар баробари кохҳо ва биноҳои бошукуҳи Тоҷикистон, зиндагии мардуми ом ва асили ин сарзаминро ҳам бубинам, зеро ман мардуми омро дӯст медорам. Як чизе ба баҳонаи дидор бо мардуми маҳал аз хонуми дастфурӯш харидам. Вақте хариди ман тамом шуд, ҳар чӣ исрор кардам, он хонуми фурӯшанда аз ман пул нагирифт. Гуфт, акаи Фарҳод, ту ба мо он қадар наздик ҳастӣ ва он қадар ба мо хизмат кардаӣ, ки агар ба ҳамин баҳона битавонем заррае аз хидмати туро ҷуброн кунем, ҷои хушбахтӣ аст. Ман ҳамон лаҳза эҳсос кардам, ки тамоми ҳаққи хидмати сисолаам бо муҳаббати он хонуми фурӯшанда, ки хеле ҳуқуқи каме ҳам дошт, пардохт шуд. Вақте муҳаббати мардуми Тоҷикистонро дар баробари худ мебинам, ҳис мекунам, ки ҳаққи хизмати ман пардохт шудааст. Дӯст дорам мисли як дӯст дар ғаму шодӣ паҳлу ба паҳлу ва шона ба шонаашон бошам ва онҳо маро мисли либос наздик ба тани худ эҳсос кунанд.

Озодӣ: Чӣ шабоҳатҳое миёни мардуми Тоҷикистону Афғонистон шахсан Шумо барои худ кашф кардед?

- Фарҳоди Дарё: Мо дар Афғонистон бо як тасаввур дар бораи Тоҷикистон бузург шудаем. Тасаввур ин, ки Тоҷикистон мардуми бафарҳанге дорад, ошиқи суруди баланд ва дилбастаи сухани ноб ва фарҳанги баланд ҳастанд. Мо бо чунин тасаввуре дар бораи Тоҷикистон бузург шудем. Ман аз кӯдакӣ, хеле пештар аз он ки ба Тоҷикистон биёям, мардуми азизи онро мешинохтам.

Озодӣ: Дар замони кӯдакиҳо радиову телевизиони Тоҷикистонро, ки он замон як кишвари Шӯравӣ буд ва барои таблиғот дар Афғонистон барномаҳои сиёсӣ ҳам ба ин тариқ буданд, оё мешунидед?

Фарҳоди Дарё: Замоне дар Афғонистон ҳанӯз падидае ба номи телевизион наомада буд. Он солҳо мо кӯдаки хурдсол будем, падари мо ҳамеша даври ҷаҳонро сафар мекард, аз ҷумла ба Осиёи Миёна ва хоса Тоҷикистон, ҳамчунон Шӯравии вақт, Аврупо ва Амрико сафарҳои фаровоне дошт. Аз ҳар ҷо, ки хона меомад, ҳадияе бо худ меовард ва онҳоро дар як ганҷа (ҷевон) мегузошт. Яке аз рӯзҳо як телевизион бо худ овард ва зиндагии кӯдакона ва кӯчаки мо бародаронро низ бо он телевизион аз реша дигар кард. Он замон мо имкон пайдо кардем, ки телевизиони Тоҷикистон ва Русияро ба осонӣ дар хонаи худ тамошо кунем, чун Қундуз дар фосилаи каме аз Тоҷикистон қарор дорад. Ин хеле пештар аз он буд, ки телевизион ба Афғонистон омада буд. Аз ҳамон солҳо бо мусиқии суннативу мардумиаш ошно шудем, аммо мусиқии эстрадӣ (поп) баъдтар зуҳур кард.

Озодӣ: Теъдоди таронаҳои Шумо марзи 1000-ро ҳам убур карда, аммо оё доред таронае, ки реша дар як қисса ё таърихи тоҷикӣ дошта бошад, ё ҳам аз сурудаҳои тоҷикӣ илҳом гирифтаед?

Фарҳоди Дарё: Ман 17 соли нахусти зиндагиамро дар Қундуз гузарондаам. Ҳолу ҳавои зиндагии Қундуз хеле шабеҳи Тоҷикистон аст. Бидуни шак, иштирокоти фарҳангӣ ва таърихӣ бар зоиқаи мусиқӣ ва бардоштҳои одам аз зиндагӣ асар мегузорад. Дар шумори зиёде аз таронаҳои солҳои аввали ман ба осонӣ метавонед ҳавои муштараки ду тарафи Омуро ҳис кунед. Қиссаи яке аз сурудаҳои солҳои пасини худро ба унвони мисол зикр мекунам. Бибии ман ду
хоҳархонда, ду дӯсти самимӣ дошт, яке аз онҳоро Хуриҷон хитоб мекард ва ба қавли он замон, аз мардуми «пори дарё» ё он сӯи Ому буд. Бибии Хуриҷон дар пайи таҳаввулоте, ки дар асри гузашта дар Осиёи Миёна рух дода буд, аз ватан муҳоҷир шуда ва дар шимоли Афғонистон, аз ҷумла Қундуз муқим шуда буд. Ӯ пеш аз оворагӣ ошиқи марде буд, ки сели таҳаввулот онҳоро аз ҳам ҷудо кард. Марди ӯ ин тарафи дарё ва худи ӯ дар он тарафи дарё монданд. Бибии Хуриҷон дар ҳоле, ки хеле пир шуда буд, ҳар гоҳе, ки ин қиссаро таъриф мекард, бисёр мегирист. Вақте бузург шудам, қиссаи бибии Хуриҷонро бо таронае аз шодравон Қаҳҳори Осӣ омехта ва ба номи «Пори дарё» оҳанг кардам. Ҳоло мебинед, қиссаҳо ва хотираҳои ҳаволии дарёи Ому чӣ қадар ба ҳамдигар гиреҳ хӯрдаанд.

Озодӣ: Оқои Дарё, авохири соли 2010 Шумо дар вилояти Ҳилманд як консерт баргузор кардед. Ман ҳарчанд дар шабакаи интернет ҷустуҷӯ кардам, дар ин бора, ки он ҷо консерте тайи 20 – 30 соли ахир баргузор шуда бошад, иттилое пайдо накардам. Аммо Ҳилманд ҳамчун як нуктаи ноамнтарини ҷаҳон, дар гузоришҳои байнулмилалӣ, истеҳсолгари 40 дарсади маводи мухаддир, умуман ба Толибону терроризму дигар мафияҳои ҷаҳонӣ рабт дода мешавад. Инро ҳам мегӯянд, ки мардумаш сахт мазҳабӣ ҳастанд, бахусус, мусиқиро хуш надоранд. Ин консерт чӣ тавр дар барномаи Шумо пайдо шуд ва оё хатаре ба ҷони худ эҳсос мекардед?

Фарҳоди Дарё: Хуб шуд ба наҳве ба ин масъала ишора кардед. Ин масъала барои ман хеле аҳамият дорад. Солҳо шуда Афғонистон дар чашми ҷаҳон ба кишвари ҷангталаб, ҷангафрӯз, маркази таҳвил ва пахши маводи мухаддири ҷаҳон ва сарзамини ҷангсолорони ташна ба хуни ҳамдигар мубаддал шудааст. Афғонҳоро низ мардуме медонанд, ки рӯзи хуш ва дили беғамро дӯст надоранд! Ба мурури замон чеҳраи аслии Афғонистон пушти ин шоеаҳои сиёсӣ ва тасовири сиёсатзада гум шуд! Аммо ман чаро Ҳилманд рафтам? Консерти ман дар Ҳилманд шомили як барномаи бузурге дар ҳамон сол ба номи “Зиндагӣ зебост” мешуд, ки аз ҷумла ба Ҳирот, Мазори Шариф ва Қандаҳор низ сафарҳое
доштам ва барномаҳои хеле бузургеро барои садҳо ҳазор тамошогар дар саросари Афғонистон роҳандозӣ кардам. Дар ҳақиқат мехостам ба ҷаҳон ва худи афғонҳо собит кунам, ки афғонҳо мардуми ҷангталаб нестанд. Он ҳама даҳшатафканӣ маҳсули ниятҳои ҷангафрӯзон ва сиёсиёни минтақа ва қудратҳои бузурги ҷаҳон аст, ки Афғонистонро дар гарави ниятҳои шайтонии худ даровардаанд, як қавм ва як миллатро зинда сиёсӣ кардаанд. Аммо шумо худ шоҳиди тамошои он консерт будед ва дидед, чӣ гуна мардуме, ки тавассути дастҳои маръиву номаръӣ, ҷангафрӯзтарин мардуми мардуми ҷаҳон муаррифӣ шуда буданд, чӣ гуна аз фазои таронабор ва сулҳомези консерт истиқбол карданд ва дар ҳар суруд ҳар оҳанг ҳазор бор рақс ва шодӣ барпой доштанд! Агар тасовири он барномаро бо диққат тамошо карда бошед, бо вуҷуди ҳузури беш аз 40 ҳазор тан бинанда аз ҷануби Афғонистон, дар ҳеҷ ҷои он стадиони варзишӣ нишонае аз туфанг ва сарбози афғон ва нерӯҳои байнулмилалӣ ба чашм намехӯрад. Чаро чунин буд? Зеро мардуми асили ҷануб ва хоса Ҳилманд ошиқи сулҳ, ошиқи ҳунару мусиқӣ ва фарҳанганд! Ҷараёни муфассали консерт ба сурати зинда аз тариқи Телевизиони миллии Афғонистон дар саросари ҷаҳон ба нашр расид. Мардуми мисли шумо, аз ҳаяҷон ва ҳамчунон аз изтироб беқарор буданд ва низ сар аз по намешинохтанд. Дар ҳоле ки тақрибан ҳама мунтазири як инфиҷор дар ҷараёни консерт буданд, ҳеҷ кас бовараш намешуд дар Ҳилманде, ки ба номи “лонаи терроризм” машҳур шуда буд, чунин барномаи бузурге бе ҳеҷ мушкили амниятӣ ва техникӣ иҷро шавад.

Озодӣ: Оқои Дарё, шояд пас аз анҷоми консерт Шумо гуфтани ин суханҳо бароятон осон бошад?

Фарҳоди Дарё: Иштибоҳ мекунед! Ман далеле намебинам, ки аз мардум дар ҳарос бошам! Агар аз чизе тарс медоштам, ҳаргиз розӣ ба нашри зинда ва мустақими консерт дар саросари дунё намешудам! Ман афғонҳоро мешиносам ва хуб медонам чӣ вақт пои хушунаташон медавад ва куҷо суфраи сулҳашон ҳамвор аст.

Озодӣ: Шахсан ман аз таронаи «У ғойто» сахт мутаассир шудам ва гӯё як навъ хулоса кардани таърихи Афғонистони пас аз «у ғойто» аз сӯи Шумо аст. Он кадом ғойто – вақтҳоанд?

Фарҳоди Дарё: Оҳанги “У ғойто” оинаи калонеро дар баробари Афғонистон мегузорад, то тасвири чандин чандин насл ва чандин фасли худро дар он бубинад. Дар оғоз ангушти шуморе аз аҳли қалам ва расонаҳо, ҳатто рӯшанфикрон ба ин буд, ки ин асар танҳо ва танҳо ва фақат як носталжи (пазмонӣ) – и замон гузашта аст. Ман аммо хостаам мардумро ба ба ҳаяҷон биоварам, то биандешанд, ки чӣ иттифоқ афтод ва бубинанд ба қимати аз даст додани чӣ чизҳое ба имрӯз расидаанд. Дастовардҳо он замонҳо чист, ҳоло ба ​қимати чӣ он дастовардҳо ин замон аз даст рафтаанд. Имрӯз дар Афғонистони ҷавон аз рӯзгори худ камтар розӣ ба назар мерасад. Ӯ пур аз шикоят аст ва ба дастовардҳои бузурги имрӯз камтар бовар дорад. Ман бо ин асар бе ин ки ба сурати возеҳ қазовате карда бошам, онҳоро ба фикр кардам ва умедворам, то бар дирӯз ва имрӯзи худ аз нав биандешанд. Он замонро ҳам инсон сохта буд, ин замон ҳам аз дасти ҳамон инсон сохта шуд. Аммо дар ин байн ҷойҳо тағйир хӯрданд. Мулло аз масҷид баромад, ба сиёсату ҷиҳод печид, муаллим дар бозор муздурӣ мекунад, ба ҷои тарона дар кӯчаҳо тирандозиву инфиҷор аст. Рангҳо ҷой иваз карданд, ба ҷои сабз сиёҳ омад, ба ҷои сиёҳ сурх, ман ба ҷои ту, ту ба ҷои ман...

Озодӣ: Оқои Дарё, як суол дар мавриди интихоботи Афғонистон: дар интихоботи гузашта Шумо хеле фаъол будед, ин навбат чӣ кор кардед?

Фарҳоди Дарё: Ман ҳамеша аз фарҳанги интихобот ҳимоят кардаам ва дар роҳи ниҳодинасозии он фарҳанг талош намудаам. Ман бе он ки аз кадом номзади муайяне ҳимоят карда бошам, дар миёни ақшори васеъи мардум огоҳӣ пахш кардаам, то онҳо бо истифода аз ҳаққи худ ва раъйи худ мушкилот ва саволҳои Афғонистон на аз роҳи хушунат, балки ба сурати мусолиматомез чораҷӯӣ кунанд.

Озодӣ: Дар гузашта ин овозаҳо ҳам буданд, ки худи Шумо ҳам нияти президент шуданро доред?

Фарҳоди Дарё: Бале! Худам низ тақрибан ҳар рӯз бо бо ин савол аз сӯи мардум бармехӯрам, аммо посухи ман ҳамеша сукут будааст, зеро нахостаам овозасозии беҳуда кунам.

Озодӣ: Яъне ин симат Шуморо “хурд” мекунад?

Фарҳоди Дарё: Ман ва сиёсат дар ду ҷаҳони дур аз ҳам нафас мекашем. Раҳбарии як кишвар ба ҳеҷ унвоне кори содда ва кӯчак нест, ки инсон ба василаи пардохтан ба он кӯчак шавад. Вақте дар баробари як миллат меистӣ, кори бузург мекунӣ, раҳбарӣ кори кӯчак буда наметавонад. Ман ба унвони як ҳунарманд ва фарҳангӣ кори худро хеле бузург медонам, на кӯчактар ва на бузургтар аз ин масъала, ки шумо ишорат кардед. Ҳарду аҳамияти худро дорад. Ман ба унвони як ҳунарманди мутааҳҳид маслаки худро на кӯчактар ва на бузургтар аз он медонам. Ин ҳарду маънии вижа ва арзиши вижаи худро доранд.
XS
SM
MD
LG