Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қонуни асосӣ Шиноватраро ба истеъфо фиристод


Додгоҳи Қонуни асосии Таиланд дар бораи истеъфои нахуствазири Йинглак Шиноватра тасмим гирифт. Хонум Шиноватра дар сӯиистифода аз мансаб айбдор мешавад.

Дар нишасти Додгоҳи Қонуни асосӣ додрас изҳор намуд, ки нахуствазир Шиноватра соли 2011 раҳбари вақти Шӯрои амнияти миллӣ Тхавин Плиенсиро ба мақоми дигар гузаронд, то курсии ӯро яке аз хешовандонаш ишғол намояд. Бар пояи хабарҳо, аъзои кобинаи вазирон, ки аз ин тасмим пуштибонӣ кардаанд, аз мансабҳояшон маҳрум хоҳанд шуд.

Йинглак Шиноватра дар нишасти Додгоҳи Қонуни асосӣ гуфт, аз мақоми волотарро соҳиб шудани генерали полис Приюпан Дамапонг, ки бародари ҳамсари собиқи Таксин Шиноват аст, ягон манфиат надидааст. Йинглав Шиноватра – хоҳари хурдии нахуствазири пешин Таксин Шиноват аст, ки чанд сол пеш бар асари эътирозҳои густарда Таиландро тарк намуд.

Дар Таиланд шаш моҳ боз намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои ҳукумати нахуствазир Йинглак Шиноватра идома доранд.
XS
SM
MD
LG